Солимии ҷомеа — сарвати бебаҳои миллат

Дар ҷаҳони муосир, ки таҳдидҳои гуногуни экологӣ ва бемориҳои сироятӣ ба саломатии инсон таъсири ҷиддӣ мерасонанд, масъалаи ҳифзи солимии аҳолӣ аҳамияти бештар касб намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун давлати иҷтимоӣ ба масъалаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии мардум таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки миллате солиму неруманд аст, ки ҷомеаи он аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ солим бошад.
Дар доираи сиёсати инсонпарваронаи давлат имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат баҳри пешгирии бемориҳо, беҳтар намудани вазъи санитариву эпидемиологӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд. Дар ин раванд фаъолияти муассисаҳои соҳаи санитариву эпидемиологӣ нақши муҳим дошта, онҳо ҳамчун сипари боэътимоди ҳифзи саломатии ҷомеа хизмат менамоянд.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакент аз ҷумлаи чунин ниҳодҳои муҳими давлатӣ мебошад, ки фаъолияти худро баҳри таъмини амнияти санитарӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ равона кардааст. Кормандони марказ дар баробари иҷрои корҳои назоратӣ ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳанд.
Имрӯз корҳои тарғиботиву иттилоотӣ яке аз роҳҳои муассири пешгирии бемориҳо ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин хотир мутахассисони марказ мунтазам дар деҳаву маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сокинон вохӯриҳо баргузор намуда, аҳамияти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи оби тозаи нӯшокӣ ва нигоҳдории дурусти маҳсулоти ғизоиро шарҳ медиҳанд.
Дар рафти чунин мулоқотҳо ба аҳолӣ оид ба роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои хавфнок маълумоти муфид пешниҳод мегардад. Ҳамзамон шаҳрвандон барои риояи тозагии муҳити зист, безарар нигоҳ доштани манбаъҳои об ва нигоҳубини санитарии маҳалли зист ҳидоят карда мешаванд.
Махсусан, дар шароити тағйирёбии иқлим ва зиёд гардидани хавфи офатҳои табиӣ масъалаи таъмини бехатарии санитарӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Аз ин рӯ, кормандони соҳа корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшида, сокинонро ба эҳтиёткорӣ ва риояи талаботи беҳдоштӣ даъват менамоянд.
Дар навбати худ ҳар як шаҳрванд бояд масъулияти шахсии худро дар назди ҷомеа эҳсос намояд. Риояи қоидаҳои санитарӣ, нигоҳ доштани тозагӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим метавонад садди роҳи бисёр бемориҳо гардад.
Имрӯз кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакент бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба касб фаъолият намуда, дар татбиқи сиёсати давлатии соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда мегузоранд. Самараи чунин фаъолияти созанда дар беҳтар гардидани вазъи санитарии ҷомеа ва таъмини зиндагии солими мардум равшан эҳсос мегардад.
Ҳифзи саломатии аҳолӣ омили муҳими рушди давлат ва ояндаи дурахшони миллат буда, саҳми ҳар як фарди ҷомеа дар ин самт муҳим ва зарурӣ мебошад.

Бурҳон Атохуҷаев,
директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакент