Таҷлили Рӯзи байналмилалии оила

Дар тарабхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии бошукӯҳи идона бо иштироки оилаҳои барӯманду намунавӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, фаъолон, собиқадорон ва аҳли фарҳанг иштирок намуда, нақши оиларо ҳамчун рукни асосии ҷомеа ва сарчашмаи тарбияи инсони комил таъкид карданд.
Номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила аз ҷониби муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд. Дар паём зикр гардид, ки оила ҳамчун ниҳоди муқаддас дар ташаккули маънавият, тарбияи фарзандони солиму ватандӯст ва пойдории ҷомеа нақши муҳим дорад.
Қайд карда шуд, ки зиндагии инсон маҳз аз оила оғоз меёбад. Инсон дар муҳити гарму меҳрубони оила муҳаббат, эҳтиром, садоқат, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулиятшиносиро меомӯзад. Ҳамчунин, оила макони нигоҳдории арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ ва мероси фарҳангии миллат ба ҳисоб рафта, аз насл ба насл онҳоро интиқол медиҳад. Аз ҳамин ҷост, ки дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик оила ҳамчун муқаддастарин арзиш эътироф шудааст.
Дар фазои тантанавӣ ба як қатор оилаҳои намунавӣ барои саҳми арзанда дар таҳкими оила, тарбияи фарзандони шоиста ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа Меҳрнома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят супорида шуд.
Барномаи фарҳангии омоданамудаи устодону ҳунармандони санъат ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, табъи идонаи иштирокчиёнро болида гардонид. Суруду таронаҳои дилнишин васфи меҳру муҳаббат, ваҳдату ҳамдилӣ ва қадру манзалати оиларо тараннум намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд