Рӯзи 17-уми майи соли 2026 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мешавад.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Дави миллӣ дар шаҳри Хуҷанд аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад.
Мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ мебошад.




