Дар вилояти Суғд маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории лоиҳаи ФИФА «Футбол дар мактаб» (Football for Schools) баргузор гардид.
Лоиҳа аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи давлатӣ амалӣ карда шуд. Дар ин мусобиқа зиёда аз 2500 хонанда аз 200 муассисаи таълимии 9 шаҳру ноҳияи вилоят, аз ҷумла Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Деваштич, Ашт, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Гулистон фаъолона иштирок намуданд.
Пас аз ҷамъбасти марҳилаҳои мактабӣ ва шаҳрӣ/ноҳиявӣ дар даври ниҳоии вилоятӣ дастаҳои беҳтарин ва ҷоизадорон дар чаҳор гурӯҳи синну сол муайян карда шуда, ба онҳо аз номи ташкилкунандагон ҷом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Лоиҳаи мазкур ба рушди футболи кӯдакону наврасон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар минтақа заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




