Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои шафқат ҳамоиш доир шуд

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои шафқат дар тарабхонаи «Суғдиён» ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фирӯз Комилов иштирок намуда, кормандони миёнаи тибро ба ин муносибат табрик гуфтанд.
Қайд гардид, ки ҳамшираҳои шафқат дар ҳифзи саломатии аҳолӣ нақши муҳим дошта, фаъолияти содиқонаву масъулиятшиносии онҳо шоистаи қадрдонӣ мебошад. Зимни суҳбат аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи тандурустӣ ёдоварӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои фаъолияти табибон ва ҳамшираҳои шафқат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Танҳо дар чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят биноҳои нави муассисаҳои тандурустӣ сохтаву мавриди истифода қарор гирифта, шароити хизматрасонии тиббӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир беҳтар гардидааст.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба як қатор кормандони фаъоли соҳа барои хизмати содиқона ва ба ғолибони озмуни "Шоҳномахонӣ" туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд