Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026» ба имзо расид.
Бар асоси ин қарор, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғату солимгардонии кӯдакону наврасон, инчунин ташкили босамари таътили тобистона, ҳайати Ситоди вилоятии «Тобистон-2026» таъсис дода шуд.
Тибқи санади мазкур, раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин Раёсати маорифи вилояти Суғд вазифадор гардидаанд, ки барои ба роҳ мондани истироҳати мақсадноки кӯдакону наврасон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Аз ҷумла, барои омодасозии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, мавсимӣ, варзишию солимгардонӣ, таъмини онҳо бо шароити муосир ва мутобиқ ба талаботи беҳдоштӣ супоришҳо дода шудааст.
Ҳамзамон, таъмини бехатарии кӯдакон, ҷалби онҳо ба чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва варзишӣ, инчунин фарогирии бештари наврасон ба истироҳати тобистона аз вазифаҳои муҳим муайян гардидааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




