Озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» баргузор мегардад

Дар вилояти Суғд бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» доир мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба имзо расид.
Озмун дар чанд номинатсия баргузор гардида, беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳрак, деҳот, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ муайян карда мешаванд. Ҳадафи асосии озмун вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррам гардондани кӯчаву хиёбонҳо ва гӯшаву канори вилоят, дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Барои ғолибон аз рӯи номинатсияҳои "Хонаи истиқоматии беҳтарин", "Маҳаллаи беҳтарин", "Деҳоти беҳтарин", "Шаҳраки беҳтарин", "Ноҳияи беҳтарин" ва "Шаҳри беҳтарин" беш аз 100 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд