1-уми майи соли 2025 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, директорони коллеҷу литсейҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода баромад намуда, барои ҷалби ҷавонон ба ҳаёти солим, рушди футбол дар байни ҷавонон ва наврасон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва рушди варзиш ибрози андеша намуд.
Мақсад аз баргузории мусобиқи мазкур баланд бардоштани маҳорати варзишии хонандагону донишҷӯён, устувор намудани дӯстию бародарӣ дар байни муҳассилини муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳо, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути варзиш, оммавигардонии футбол, омӯзондан ва такмил додани маҳорати варзишӣ ва интихоб намудани беҳтарин бозингарон ҷиҳати ширкати онҳо дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва берун аз он мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




