Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ — масъулияти ҳар як шаҳрванд

Дар шароити имрӯза, ки рушди устувори иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз таъминоти босифати неруи барқ вобастагии калон дорад, масъалаи истифодаи самараноки барқ аҳамияти аввалиндараҷа касб намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати кории санаи 25 апрели соли 2025 доиргардида аз талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар мамлакат изҳори нигаронӣ намуда буда, зимни баррасии вазъи соҳа ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, хусусан беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ ва бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ бо неруи барқ, тадбирҳои муассир андешида шавад. Ҳамзамон, сарфаҷӯйӣ ва истифодаи оқилонаи неруи барқ амри зарурӣ ва талаботи замон арзёбӣ гардид.

Махсусан таъкид шуд, ки бо дарназардошти тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ, ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он шадидтар карда шудааст. Минбаъд барои чунин қонунвайронкуниҳо ҳатто ҷазои ҷиноятӣ, аз ҷумла маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ гардидааст. Ин тадбирҳо ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлат ва пешгирии талафоти зиёди неруи барқ андешида шудаанд.
Дар ин замина, мақомоти дахлдор вазифадор гардиданд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо мӯҳтавои тағйиру иловаҳоро ба таври васеъ миёни аҳолӣ фаҳмонанд. Зеро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон омили муҳимми пешгирии қонунвайронкуниҳо мебошад.
Бо ҳамин мақсад, дар шаҳри Гулистон корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ мунтазам роҳандозӣ гардида, ба сокинон зарурати истифодаи дурусту сарфакоронаи неруи барқ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва пардохти саривақтии маблағи он шарҳ дода мешавад.
Бояд ҳар як шаҳрванд дарк намояд, ки неруи барқ дар замони муосир асоси рушди иқтисод аст. Истифодаи ғайриқонунӣ ва исрофкоронаи он на танҳо ба иқтисодиёти кишвар зарар мерасонад, балки боиси маҳдуд гардидани имкониятҳои дигар шаҳрвандон низ мегардад.
Аз ин рӯ, ба сокинон муроҷиат карда мешавад, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аз нерӯи барқ истифода баранд. Ҳар як оила ва ҳар як шаҳрванд бояд бо сарфакорӣ барқро истифода бурда, таҷҳизоти барқиро бе зарурат фаъол нагузорад, ҳангоми истифода набудан онҳоро хомӯш намояд ва пардохти маблағи неруи барқро сари вақт анҷом диҳад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем дар таъмини устувори энергетикӣ ва рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзандаи худро гузорем.
Дар маҷмӯъ, татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ҷалби фаъоли ҷомеа метавонад заминаи устувор барои истифодаи самараноки неруи барқ ва рушди минбаъдаи соҳаи энергетика фароҳам оварад.

Фирӯз Савриддинов,
роҳбари тиҷоратии шабакаҳои барқи шаҳри Гулистон