7-уми апрел ба ифтихори Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои гуногуни тиббӣ доир гардиданд. Дар доираи ин иқдом сокинон ба хизматрасониҳои тиббии ройгон фаро гирифта шуданд.
Дар шаҳри Панҷакент низ ин ташаббус дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор шуда, шумораи зиёди сокинон аз имконияти ташхису табобати ройгон истифода бурданд. Тавре сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент Умед Раҳимов иттилоъ дод, аз субҳи барвақт шаҳрвандон ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намуда, аз муоина, ташхис ва машваратҳои ройгони мутахассисон баҳра бардоштанд.
Бо мақсади таъмини сатҳи баланди баргузории чорабинӣ мутахассисони варзидаи соҳаи тиб сафарбар гардида, дар маҷмӯъ 238 нафар сокинон аз ташхису муоинаи ройгон гузаронида шуданд. Ҳамзамон, 4 нафар беморон, ки ба ҷарроҳӣ ниёз доштанд, ҷарроҳӣ карда шуданд.
Дар ҷараёни мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолӣ табибон доир ба пешгирии бемориҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим, аҳамияти машғул шудан ба варзиш ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ тавсияву маслиҳатҳои судманд пешниҳод намуданд.
Чорабинии мазкур ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва беҳтар намудани вазъи саломатии ҷомеа мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




