Баррасии омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ

3 декабри соли 2025 дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №218 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» дар вилояти Суғд баррасӣ шуд. 

Ҷаласа таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ситоди ҷумҳуриявӣ Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор шуд. 

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ - аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ тариқи ҳузурӣ ва роҳбарону масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он тариқи маҷозӣ иштирок намуданд. 

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо ҳисоботҳо манзур гардида, барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд. 

Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ситод Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 супоришҳои мушаххас дода шуд.