Тӯҳфаи Пешвои миллат - «Шоҳнома» ба ноҳияи Айнӣ расид

Дар ноҳияи Айнӣ шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба сокинон тақдим мегардад. 

Сокинони ноҳияи Айнӣ ин иқдоми фазилатмандонаи Сарвари давлатро истиқбол намуда, онро нишонаи таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба фарҳанг, адабиёт ва арзишҳои таърихию маънавии халқи тоҷик  меҳисобанд.

«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ тақсим карда мешавад. Ҳадафи аслии он эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва таҳкиму тавсеаи эҳсоси ватандӯстӣ дар ҷомеа мебошад.

Ин туҳфа, пеш аз ҳама, барои наврасону ҷавонон дарси ибрат ва сарчашмаи маърифат ба шумор меравад.

Бо ибтикори Пешвои миллат имрӯз «Шоҳнома» — оинаи таърихи давлатдории ориёӣ, китобе, ки руҳ ва худшиносии миллии тоҷиконро садсолаҳо зинда нигоҳ доштааст, ба ҳар оилаи мамлакат тақдим мегардад.

Ёдовар мешавем, ки нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шоҳасарро дар ду ҷилд ва бо теъдоди бесобиқа — 1 миллиону 700 ҳазор нусха нашр намудааст.

Имрӯзҳо тақсими шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавӣ — «Шоҳнома» ба ҳар хонадони мамлакат идома дорад.