Дар Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Ҳунарманди сол – 2025” баргузор шуд

25 ноябри соли 2025 дар толори ҶДММ “Тӯйхонаи Мирзоҳабиб”-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол” баргузор гардид. 

Дар озмун зиёда аз 44 нафар ҳунарманд аз шаҳру ноҳияҳои вилоят бо пешниҳоди тақрибан 30 номгӯи дастранҷи худ иштирок намуданд.

Дастранҷи иштирокчиён аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ шуда, 15 нафар ҳунармандони беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳо соҳиби дипломҳои дараҷавӣ ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гардиданд. Дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дар ҷараёни чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба ғолибон супорида шуд.

 

Ғолибони номинаҳо

Нонпазӣ:

Ҷойи I – Ҳафиззода Сафинахон (Мастчоҳ) – 3500 сомонӣ

Ҷойи II – Муллоева Рудоба (Гулистон) – 2000 сомонӣ

Ҷойи III – Қурбонова Ҳуринисо (Кӯҳистони Мастчоҳ) – 1500 сомонӣ

Чакандӯзӣ:

Ҷойи I – Ҷалолова Мавзуна (Панҷакент) – 3500 сомонӣ

Ҷойи II – Сатторова Фарангис (Бӯстон) – 2000 сомонӣ

Ҷойи III – Пиракова Рафоат (Зафаробод) – 1500 сомонӣ

Атласбофӣ:

Ҷойи I – Зиёева Сайёҳат (Бобоҷон Ғафуров) – 3500 сомонӣ

Ҷойи II – Воҳидова Мухбира (Хуҷанд) – 2000 сомонӣ

Ҷойи III – Баҳромзода Мадина (Ашт) – 1500 сомонӣ

Кулолгарӣ:

Ҷойи I – Аҳлиллоев Олимҷон (Ҷаббор Расулов) – 3500 сомонӣ

Ҷойи II – Азизов Абдуҷаббор (Хуҷанд) – 2000 сомонӣ

Ҷойи III – Раҳимов Қиёмиддин (Айнӣ) – 1500 сомонӣ

Кордсозӣ:

Ҷойи I – Қобилов Ӯктам (Хуҷанд) – 3500 сомонӣ

Ҷойи II – Аюбов Алиқон (Истаравшан) – 2000 сомонӣ

Ҷойи III – Аҳроров Абдураҳмон (Спитамен) – 1500 сомонӣ

Қадрдонии иштирокчиёни фаъол

Ба як қатор ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Истиқлол, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Гулистон, Мастчоҳ ва Панҷакент барои иштироки фаъолона дар озмун Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим карда шуд.