
24 ноябри соли 2025 дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоии идона баргузор гардид.
Раҳпаймоии идона, ки дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ сурат гирифт, фазои идона ва руҳияи баланду ватандӯстонаи мардумро ба таври равшан инъикос намуд.
Дар раҳпаймоӣ ҳазорон нафар сокинони касбу кори гуногун – варзишгарон, донишҷӯёну хонандагон, омӯзгорон, аҳли зиё, кормандони соҳаҳои тандурустиву фарҳанг, инчунин занону ҷавонон фаъолона иштирок карданд.
Иштирокчиён Парчами давлатии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, шарафу номус ва арзиши муқаддаси миллат бо ифтихор барафрохта, муҳаббати худро ба Ватан иброз намуданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷамъомадагонро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Таъкид гардид, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар, балки омили муҳими таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Раҳпаймоии идона бори дигар нишон дод, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба рамзҳои миллӣ эҳтироми хос доранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




