Тозагии муҳит — асоси солимии ҷомеа

Дар ноҳияи Шаҳристон ҳашари умумӣ ташкил карда шуда, минтақаҳои истироҳатӣ аз партовҳо тоза карда шуд.

Бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2025 Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва сокинони ҳашари умумӣ ташкил намуд.

Тавре аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни ин иқдом минтақаҳои истироҳатии ноҳияи Шаҳристон, аз ҷумла атрофи Бонки миллӣ ва ҳавз, ки қаблан ҷамъшавии партовҳо мушоҳида мешуд, пурра аз партовҳо тоза карда шуд.

Барои иҷрои корҳо техникаҳои коммуналӣ ва гурӯҳҳои ихтиёрӣ ҷалб гардиданд. Ҳамзамон, бо иштироки мутахассисони марказ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои санитария ва пок нигоҳ доштани муҳити зист ба роҳ монда шуд.

Дар натиҷа, ҳолати санитарии ҳудуди ноҳия беҳтар гардид.