Вохӯрии судманд баҳри пешгирии бемориҳои мавсимии сироятӣ

2 октябр роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд бо мақсади таҳлил ва таҳкими корҳои пешгирикунанда алайҳи бемориҳои мавсимии сироятӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид ба амал овард.

Дар ҷараёни боздид ба кормандони бахши ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои профилактикӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ дастурҳо дода шуд.

Хусусан таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ густариш ёфта, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббӣ чораҳои муассир, аз ҷумла вохӯриҳо бо мардум, баромадҳо дар воситаҳои ахбори омма ва дигар шаклҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Таъкид гардид, ки пешгирии бемориҳои мавсимӣ кори дастаҷамъӣ аст ва танҳо дар ҳолати ҳамкории мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ ва худи сокинон метавонад натиҷаи дилхоҳ бахшад.