
Бо мақсади қадрдонӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии устодону омӯзгорон 2 октябр дар толори қасри фарҳанги Суғдиёни шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид. Дар чорабинӣ Ҷамшед Ҷӯразода- муовини Раиси вилояти Суғд, Гулсара Мирзозода- Сардори Раёсати маорифи вилоят, Мӯсобек Самизода - раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят, кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода табрикоти муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Қайд гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти дастгирии омӯзгорону хонандагони фаъол як қатор имтиёзҳо муқаррар намудааст.
Ҳамасола садҳо омӯзгорону хонандагони вилоят аз ин имтиёзҳо бархӯрдор мегарданд. Зикр гардид, ки музди меҳнати омӯзгорон давра ба давра зиёд гардида, шароити иҷтимоиву иқтисодиашон беҳтар гардида истодааст. Худи ҳамин сол 30% зиёд гардидани музди маоши омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва томактабӣ далели гуфтаҳои болост.
Дар чорабинӣ ба зиёда аз 120 нафар омӯзгорони фаъол ва 31 нафар собиқадорони соҳа туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Ифтихорномаву Сипосномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят ва Иттифоқи касабаи маориф ва илми вилоят супорида шуд.




