Дар Истаравшан вакилони Маҷлиси намояндагон бо аҳолӣ мулоқот намуданд

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида аз 1 то 10 сентябри соли 2025 вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гашта истодааст. 

Дар асоси нақшаи мазкур вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳрорзода Шӯҳрат ва Набизода Тоҳир бо интихобкунандагон дар деҳоти "Гули Сурх", "Ниҷонӣ", "Сабристон" ва "Қалъачаи Калон" баргузор гардид. 

Дар вохӯриҳо аз ҷониби вакилони ба сокинон оид ба моҳияти Истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, инчунин таҳлили қонунгузории кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ, доштани захираи 2 солаи маводи озуқаворӣ, истифодаи ҳар як порча замин ва гирифтани 2-3 ҳосил аз он маълумот ва маслиҳатҳои муфид дода шуданд. 

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Истиқлол ва озодӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар аз ҳама неъмати бебаҳо ба ҳисоб меравад. Маҳз ба шарофати он имрӯз мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор эътироф ва эҳтироми хоса пайдо кардааст. 

Инчунин, байни вакилон ва шаҳрвандон гуфтугуи озод пайваста, ба саволҳои пешниҳодшудаи интихобкунандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуд. 

Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар дигар деҳоти шаҳри Истаравшан идома доранд.