Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода бо интихобкунандагон дар ҷамоатҳои деҳоти Оббурдон ва Палдорак баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ Ғайрат Азиззода доир ба фаъолияти қонунбарории Парлумони мамлакат, ҷараёни баррасии лоиҳаҳои қонунҳо ва нақши онҳо дар беҳбуди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ҷанбаҳои муҳимми сиёсати давлатӣ, аз ҷумла дастгирии соҳаи маориф, беҳдошти инфрасохтори иҷтимоӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкорӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои рӯз маълумот пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки иқдоми созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳбуди зиндагии мардум ва рушди деҳот равона шуда, иҷрои онҳо аз саҳми фаъолонаи сокинон низ вобаста мебошад.
Зимни вохӯрӣ масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки давлат барои беҳтар намудани шароити хизматбарӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавию ҷисмонии сарбозон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Интихобкунандагон дар вохӯрӣ ба пешниҳоду дархост ва саволҳои худ посухҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.




