Дар Донишкадаи политехникӣ бахшида ба Рӯзи дониш ҳамоиш баргузор гардид

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи дониш чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

Зуфар Исмоилзода, муовини Раиси вилояти Суғд, паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмазодаро ба муносибати Рӯзи дониш ба самъи ҳозирин расонд.

Зимни ироаи паёми табрикӣ қайд карда шуд, ки "соли равон дар вилоят 34 иншооти нави соҳаи маориф бо имкони қабули 3870 хонанда, инчунин 19 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 2150 кӯдак сохта шудаанд. Баробари ин, роҳандозӣ гардидани озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,

«Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» марҳилаи наверо барои густариши фаъолияти наврасону ҷавонон ва устодону омузгорони онҳо боз намуд. Озмунҳои мазкур ба болоравии сатҳи саводу маърифат, бедории ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон мусоидат карданд. Соли равон дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз шумораи умумии иштирокчиён 90 нафар беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ 1 172 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят иштирок ва 642 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардид, ки ин нисбат ба соли гузашта 200 нафар зиёд мебошад”.

Ҷамшед Набизода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд ва Шаҳриёр Саъдуллозода, директори донишкада низ аз номи роҳбарияти шаҳр ва донишкада донишҷӯёнро бо оғози соли нави таҳсил табрик намуданд.