Таҷлили Рӯзи дониш дар шаҳри Истаравшан

1 сентябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ "Рӯзи дониш" таҷлил гардид. 

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баромад намуда, номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. 

Зикр гардид, ки маориф муҳимтарин самти иҷтимоии давлат буда, Ҳукумати мамлакат аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати рушди соҳаи мазкур тадбирҳои зарурӣ меандешад. 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш вобаста ба соҳаи маориф чунин қайд намудаанд: "Дастгириҳои соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад".

Баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷамъият, дарёфт ва тарбияи хонандагони боистеъдод, бузургдошти илму дониш, маърифату маънавиёт дар ҷомеа меҳвари фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳсуб ёфта, дар ин раванд соли ҷорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозии мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ, толор ва майдончаҳои варзишӣ ва мавриди истифода қарор додани синфхонаҳои иловагӣ гувоҳи аҳамияти бесобиқа доштани ин самти рушди ҷомеа аст.