ОБИ ҶӮШОНИДА — КАФИЛИ САЛОМАТИИ ШУМО!

Бо фаро расидани соли нави таҳсил, солимии хонандагон ва кӯдакон аз муҳимтарин афзалиятҳо мебошад. Яке аз роҳҳои содда ва боэътимоди ҳифзи саломатӣ — нӯшидани оби ҷӯшонида мебошад.

Тавсияҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд 

барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ

Барои чӣ обро ҷӯшондан лозим аст?

Оби носафо метавонад микробҳо, вирусҳо ва паразитҳои хатарнок дошта бошад.

Ин микробҳо боиси бемориҳои вазнин, ба мисли вабо, дизентерия, зардпарвини намуди А ва тифи шикам мешаванд.

Ҷӯшондани об микробҳоро нобуд мекунад ва онро барои нӯшидан бехатар месозад

Тавсияҳо барои мактаб ва кӯдакистонҳо инчунин омӯзгорон ва маъмурият:

Пеш аз додани об ба кӯдакон, боварӣ ҳосил кунед, ки он ҷӯшонида ё аз манбаи боэътимод гирифта шудааст.

Дар синфхонаҳо ва ошхонаҳо зарфҳои тозаи об нигоҳ доред.

Кӯдаконро дар вақти дарсҳои тарбияи тандурустӣ дар бораи аҳамияти оби ҷӯшонида омӯзонед.

Барои додаракону хоҳарони азиз. 

Пеш аз нӯшидан, пурсед: “Оё об ҷӯшонида шудааст?”

Аз оби ноошно ё аз кӯча нанӯшед.

Ҳангоми сайр ё варзиш, агар ташна шудед, танҳо оби овардаатонро нӯшед.

                      Барои волидон:

Пеш аз фиристодани кӯдак ба мактаб, дар хона обро ҷӯшонед ва ба зарфи пӯшида резед.

Дар хона ва назди кӯдак одати ҳамешагӣ — ҷӯшондани об пеш аз нӯшидан —ро ривоҷ диҳед.

       Чӣ тавр обро дуруст ҷӯшонем?

1. Обро то ҷӯш омадан гарм кунед.

2. Пас аз оғози ҷӯш, ҳадди ақал 5–10 дақиқа ҷӯшонед.

3. Пас аз ҷӯш, бигзоред дар зарфи пӯшида сард шавад.

                         Дар ёд доред:

Оби ҷӯшонида на танҳо саломатии шумо, балки саломатии фарзандонатонро муҳофизат мекунад.

Саломатӣ аз оби тоза оғоз меёбад!

 

📞 Барои муроҷиат:

 

📍 МАРКАЗИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГИИ ВИЛОЯТИ СУҒД .

📱 Телефон: 8342255544

📧 Email: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Бо эҳтиром,

Раҳмонзода Султон Раҳмон,

директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд