Пешвои миллат – роҳнамо ба сӯи фардои дурахшон

Бо шукргузорӣ аз фазои орому суботи комил ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба ман — ҳамчун намояндаи фаъоли ҷомеа ва мутахассиси соҳаи тандурустӣ — шараф ва ифтихори бузург насиб гардид, ки дар ду мулоқоти муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намоям ва аз андешаҳои созандаву ҳидоятҳои хирадмандонаи ин абармарди миллат илҳом гирам.

Мулоқоти нахустин санаи 11 июли соли равон дар шаҳри Панҷакент баргузор гардид ва он ба масъалаҳои муҳимми рушди иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳдошти соҳаи тандурустӣ, таҳкими сулҳу оромӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ бахшида шуда буд. Дар ҷараёни ин мулоқоти пурарзиш Пешвои миллат бо назари амиқу воқеӣ таъкид карданд, ки соҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент дар замони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати давлатдӯстонаву инсонпарваронаи роҳбарияти кишвар мунтазам рушд ёфта, заминаи моддиву техникӣ ва захираи кадрии муассисаҳои тиббӣ ба маротиб беҳтар шудааст.

Тазаккур дода шуд, ки дар даврони истиқлол барои бунёду таъмиру таҷдиди иншооти соҳаи тандурустии Панҷакент беш аз 116 миллион сомонӣ равона гардидааст. Ҳамзамон, имрӯз 537 нафар ҷавонони шаҳр дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ таҳсил доранд ва 28 нафар тибқи квотаи президентӣ донишгоҳҳои тиббии кишварро хатм намуда, ба соҳа шомил шудаанд. Ин дастовардҳо бозгӯи таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва тақвияти неруи инсонӣ дар бахши тиб мебошанд.

Зимни мулоқот Сарвари давлат ҳамчунин ба истифодаи самараноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои нодири растаниҳои шифобахши минтақа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дастур доданд, ки бо ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорон, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, саноати дорусозӣ дар шаҳр рушд дода шавад. Зеро дар ҳудуди Панҷакент беш аз 150 навъи растаниҳои доруворӣ ва садҳо навъи дигари фоиданоки табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки истифодаи мақсадноки онҳо метавонад ба рушди иқтисоди маҳаллӣ ва солимии ҷомеа мусоидат намояд.

Мулоқоти дуюм санаи 17 июл дар доираи маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин ҳамоиш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳизбро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар самти таҳкими арзишҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ҳифзи суботи сиёсиву иҷтимоӣ арзишманд арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҳизб аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз пайгирона ба таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат машғул аст.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат иброз доштанд, ки таҳти роҳбарии онҳо барномаҳои мукаммали сиёсиву иқтисодӣ таҳия ва ба таври самаранок татбиқ гардиданд, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар — аз маорифу тандурустӣ то саноату кишоварзӣ — натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд. Ин муваффақиятҳо моро водор месозанд, ки бо эътимоди бештар ба оянда нигарем ва ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум кӯшиши бештар ба харҷ диҳем.

Ҳамзамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили шиддат гирифтани низоъҳои сиёсиву низомӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хатарҳои глобалӣ ишора карда, изҳор доштанд, ки ин воқеиятҳо аз ҳар як шахси бедордил масъулият ва муносибати ҷиддиро талаб менамояд.

Дар фарҷоми ҳар ду мулоқот Пешвои миллат даъват ба амал оварданд, ки мардуми кишвар — новобаста аз касбу корашон — бо иродаи мустаҳкам, дар фазои якдиливу ҳамраъйӣ, корҳои созандагиву бунёдкориро густариш дода, дар остонаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ — барои боз ҳам ободу зебо намудани Тоҷикистони маҳбуб саҳми муносиб гузоранд.

Ман — ҳамчун иштирокчии ин мулоқотҳои сарнавиштсоз — бовар дорам, ки ҳар як сухани Пешвои миллат барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳамчун раҳнамои амал бояд бошад. Мо, фаъолони ҷомеа, муваззафем, ки дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди устувори Ватан ва боло бурдани сатҳу сифати зиндагии мардум заҳмати содиқона ба харҷ диҳем.

 

Раҳимов Умед Юсуфович,

сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент