
29 июли соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) нишасти матбуотии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқ Шероз Муъминзода баргузор гардид.
Нишаст бо ширкати намояндагони васоити ахбори омма ва иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода доир шуд.
Ректори донишгоҳ дар оғози суханронии худ таъкид дошт, ки бо пуштибонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илм ҳамеша зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дошта, донишгоҳ дар ин замина ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.
Имрӯз ДДҲБСТ ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ бо 6 факултет, 30 кафедра, 5 бинои таълимӣ ва хобгоҳҳои муосир фаъолият мекунад. Бо истифода аз 1411 компютер, 226 проектор ва 268 камераи мушоҳидавӣ, раванди таълим ба таври интерактивӣ ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шудааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, нақшаи қабули донишҷӯён дар соли ҷорӣ пурра иҷро гардида, сатҳи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ низ рӯ ба афзоиш дорад. Танҳо дар нимсолаи аввал 35 китоб, 147 мақола ва 24 монография аз ҷониби устодони донишгоҳ ба нашр расидаанд. Ҳамчунин, 12 омӯзгор рисолаи илмии худро бомуваффақият дифоъ намуда, 16 нафари дигар ба унвонҳои илмии “профессор” ва “дотсент” сазовор шуданд.
Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ низ тавсеа меёбад. Шумораи шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои хориҷӣ ба 149 расида, 29 донишҷӯ ва 29 устод дар барномаҳои табодули академӣ иштирок кардаанд.
Дар баробари дастовардҳои илмӣ, донишҷӯёни ДДҲБСТ дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас нишон доданд. Аз ҷумла, дар озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» донишҷӯён ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Варзишгарони донишгоҳ дар 46 мусобиқа иштирок намуда, 14 медали сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалиро ба даст оварданд.
Инчунин, соли ҷорӣ як қатор иншооти таълимӣ, аз ҷумла толорҳо, озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои замонавӣ ба истифода дода шуда, сохтмони маҷлисгоҳи муҳташами донишгоҳ бо маром идома дорад.
Таваҷҷуҳи махсус ба забономӯзӣ зоҳир гардида, омӯзиши забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, хитоӣ ва кореягӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ роҳандозӣ шудааст. Дар баробари ин, 613 чорабинии тарбиявӣ ва фарҳангӣ дар нимсолаи ҳисоботӣ доир гардиданд, ки ҷанбаҳои ахлоқӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавононро тарғиб менамоянд.
Дар фарҷом Шероз Муъминзода изҳор дошт, ки донишгоҳ бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ — баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илм, тарбияи ҷавонони бо маърифати миллӣ ва мутобиқсозии таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ — талоши пайваста ба харҷ хоҳад дод.




