Семинари фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои буҷет ва молия баргузор гардид

9 июли соли 2025 дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари фаҳмондадиҳӣ бо иштироки намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Мақсади асосии семинар шарҳу тавзеҳи масоили марбут ба дарёфти манбаъҳои нави даромад, таҳкими раванди таҳияи лоиҳаи нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2028, воридсозии дурусти рақамҳои назоратии даромади буҷет, инчунин тағйиру иловаҳо ба қонунгузории андоз ва навсозии Низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ мебошад.

Дар ҷараёни семинар, намояндагони Вазорати молия бо мутахассисони молиявии сатҳи вилоятӣ оид ба масъалаҳои муҳим, аз қабили истифодаи самараноки воситаҳои рақамӣ, механизми воридсозии маълумот ба низоми электронӣ ва ҷанбаҳои калидии раванди буҷетсозӣ табодули афкор анҷом доданд.

Қайд гардид, ки барои расидан ба нишондиҳандаҳои устувори даромади буҷет ва беҳсозии низоми молиявии кишвар, тақвияти ҳамкории байни сохторҳои молиявии ҳамаи сатҳҳо, боло бурдани малакаи касбии мутахассисон ва татбиқи ислоҳоти зарурӣ аҳамияти калидӣ доранд.