Қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар Истаравшан

25 июни соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ дар толори мактаб-интернати шаҳри Истаравшан маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” ва “Илм-фурӯғи маърифат!” баргузор гардид.

Зикр гардид, ки Пешвои миллат бо ғамхории беандоза ва таваҷҷуҳи хосса ба рушди ҷавонон ва эҳё намудани анъанаҳои беҳтарини миллӣ, ташкили озмунҳои ҷумҳуриявиро як воситаи муҳими ташаккули малакаҳо ва қобилиятҳои насли наврас мешуморанд. 

Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, ба монанди “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” ва “Илм-фурӯғи маърифат!” роҳандозӣ шуданд.

Ин озмунҳо барои ҷавонон имкони зина ба зина боло рафтан, ифодаи истеъдод ва рушди қобилиятҳояшонро фароҳам оварда, ҳамзамон ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар қалби ҳар фарди Тоҷикистонро тақвият мебахшанд.

Бояд қайд кард, ки саҳми Пешвои миллат дар таъмини шароити мусоид барои баргузории озмунҳо ва эълони онҳо ҳамчун як арсаи ҳамгироии миллию иҷтимоӣ хеле муҳим аст. Зеро ин иқдомҳо ҳам барои баланд бардоштани сатҳи маърифат, ҳам барои ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва ҳамбастагӣ хизмат мекунанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 267 нафар ғолибони даври шаҳрии озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” ва “Илм-фурӯғи маърифат!” Диплом ва наздик 165 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.