ГУЛИСТОН ШАҲРИ САЙЁҲИСТ

Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки бо табиати афсункор ва дилангези худ дар ҷаҳон машҳури оламиён гаштааст. Кӯҳҳои сарбафалаккашидаю дарёҳои азими ин диёри зархез пайваста диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб менамояд. Аз ин рӯ ба кишвари мо сайёҳон хеле зиёд меоянду аз шароити мусоид, боду ҳавои форами он баҳраманд мегарданд. Шоёни зикр аст, ки дар кишвари офтобии мо ба самти рушди сайёҳӣ, хусусан туризми байналмилалӣ эътибори махсус дода, барои шаҳрвандони хориҷӣ ва меҳмонон тамоми шароит муҳайё карда шудааст.

Рушди сайёҳии табобатию солимгардонӣ, санаторӣ ва истироҳатӣ бештар дар шаҳри Гулистон арзи вуҷуд дошта, маҳз Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Маркази табобатӣ-солимгардонии «Соҳил», Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Усмонҷон”, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Осоишгоҳи Шифо» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Осоишгоҳи Баҳористон» дар ҳамин макон фаъолият менамоянд.

Ин мавзеъҳо бо табиати рангину манзараҳои зебо, ҳавои софу беғубор, дарахту буттаҳои ороишӣ, ҳавзҳои пуроб манбаи сиҳативу омили табобат барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҳисоб мераванд. Осоишгоҳҳои мазкур марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ буда, бо намудҳои гуногуни дастгоҳҳои муолиҷавӣ, хизматрасонии маданӣ ва маишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар маълуманд. Ҳамасола соҳаи сайёҳӣ дар ин минтақа рушд ёфта, бо бунёди роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси кемпингҳо ва осоишгоҳҳо боз ҳам тараққӣ мекунад ва ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 6 меҳмонхона, 5 осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ, 1 урдугоҳ ва 14 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, ҳамаи онҳо ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

Дар натиҷаи ҷалби бахши хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳри Гулистон, аз ҷумла меҳмонхона ва осоишгоҳҳои хурду калон шумораи ҷойҳои хоб барои қабули сайёҳон ба 2284 адад дар як вақт расонида шудааст.

Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Аз ҷумла, бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳр Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангӣ-фароғатии Темурмалик” дар соҳили «Баҳри тоҷик» таъмиру азнавсозӣ шуда, дар даромадгоҳи муассиса қаҳвахона, дар дохили боғ ҳавзи шиноварии бачагона, майдончаи варзишӣ, шаршара, фаввораҳо, Муҷассамаи «Хотира» аз нав таъмир карда шуда, муҷассамаи «Темурмалик» гузошта шуда, барои ҷалби меҳмонон ва сокинони шаҳр сохта ба истифода дода шудааст. 

Ҳамчунин, бо саҳмгузорӣ ва саъю талошҳо бинои иловагии шашошёна дар ҳудуди “Осоишгоҳи Баҳористон” ба маблағи беш аз 45 миллион сомонӣ аз тарафи буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд гардида истодааст.

Шоёни зикр аст, ки аз ҷониби соҳибкор Турсуной Зокирова барои 250 нафар сохтмони осоишгоҳи замонавӣ, ҷойи истироҳат бунёд гардида, мувофиқи лоиҳа дар осоишгоҳ тамоми шароитҳои зарурӣ барои меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ фароҳам оварда мешавад ва барои ин сохтмон мутахассисони ботаҷриба ҷалб карда шудаанд.

Ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа дар осоишгоҳҳо ва табобатгоҳҳо таҷҳизоти нави ҷавобгӯ ба талаботи замон ворид карда шуда, сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа рӯз аз рӯз беҳтар мегардад.  

Осоишгоҳҳои шаҳр ҳамасола бо таҷҳизоти нави ҳозиразамони табобатию ташхисӣ, варзишию солимгардонӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, баҳри ба талабот ва сифати баланд қабул намудани меҳмонону сайёҳон роҳандозӣ карда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади рушди ин соҳа то 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд инфрасохтори муосир бунёд гардида, сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмиллалӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда мешавад.

Дар семоҳаи якуми соли 2025 ба шаҳри сайёҳии Гулистон 1047 нафар меҳмонони хориҷӣ ва 3824 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу табобатгоҳҳо ва меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 4871 нафар истироҳат намуданд,ки нисбат ба соли қаблӣ 536 нафар зиёд буда, 112,4 фоизро ташкил медиҳад.  

Ҳаҷми маблағи воридшуда дар семоҳаи якуми соли 2025 аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ, табобатӣ ва меҳмонхонаҳо 8,8 миллион сомониро ташкил медиҳад. 

Осоишгоҳҳои шаҳр ҳамасола бо таҷҳизоти нави ҳозиразамони табобатию ташхисӣ, варзишию солимгардонӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, баҳри ба талабот ва сифати баланд қабул намудани меҳмонону сайёҳон роҳандозӣ карда мешаванд. Дар ҳақиқат шаҳри Гулистон бо табиати зебою афсункори худ имрӯз сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Соҳили “Баҳри тоҷик” имрӯз бозгӯи он аст, ки ба ин шаҳри сайёҳӣ на танҳо аз кишвари худамон, балки аз ҷумҳуриҳои ҳамҷавор меҳмонони зиёде баҳри хуш гузаронидани фасли гармо меоянд.

 

Гулҷаҳон МАХКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”