Дар Панҷакент Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ навсозӣ мешавад

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки дар яке аз мазеъҳои зебоманзари шаҳри Панҷакент, дар соҳили дарёи Зарафшон воқеъ аст, аз ҷониби соҳибмулк Алишер Бозоров бо тарҳи комилан нав азнавсозӣ карда мешавад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, айни замон корҳои ободонию азнавсозӣ бо тарҳи нав оғоз шуда, атрофи кӯли ҷавонон, ки дар канори боғ воқеъ аст, роҳравҳо бо қум пӯшида шуда, барои истироҳат ва шиноварӣ омода карда, бунёди  майдончаи варзишӣ дар арафаи анҷомёбист.

Мутобиқи лоиҳаи ангоравӣ дар боғ бунёди манораву фаввораҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, қаҳвахонаю майдонҳои бозӣ,  айвонҳои мунаққаш барои нишаст, амфитеатр, роҳравҳои чароғон, майдон, гулгаштҳо ва лавҳаи ёдгорӣ ба хотири иштирокчиёни ҷанги дуюми ҷаҳон бо тарҳи нав ва ғайра пешбинӣ шуда, онҳо батадриҷ сохта мешаванд.

Бо анҷоми ин ободкориҳо Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба минтақаи зебои фароғатӣ барои сокинону меҳмонон ва сайёҳон табдил хоҳад ёфт.