
30 апрели соли 2025 ҷаласаи навбатии Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ҷаласа, ки бо иштироки аъзои Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир шуд, рафти иҷрои нақшаи кории комиссия баррасӣ гардид.
Аз ҷониби масъулин барои таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи корӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ба аъзои комиссия супоришҳо дода шуд.
Таъкид гардид, ки минбаъд низ баҳри пешгирӣ намудани коррупсия дар доираи ваколат ва имконияти мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд фаъолияти Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, мунтазам мулоқоту вохӯриҳо гузаронида мешавад.




