Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маркази вилоят вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳо бо донишҷӯён баргузор гардида истодааст.
17 апрели соли 2025 дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ мулоқоти раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо зиёда аз 600 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии маркази вилояти Суғд доир гардид, ки дар мулоқот муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ширкат варзид.
Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ намуда, ба донишҷӯён, ки ҳама зодагони шаҳри Истаравшан мебошанд, доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, дастоварду пешравиҳо, имкониятҳои мавҷуда ва нақшаву стратегияҳои дарназардошташуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Вобаста ба ин, Истиқлолият, сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, ҳифзи марзу буми Ватан аз арзишҳои муҳим арзёбӣ гардида, бо ёдоварӣ аз таърихи истиқлоли кишвар, сабабу омилҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, саркардагони он, ҳадафҳои ғаразноки гуруҳҳои манфиатхоҳу иртиҷоӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки нисбати ин неъматҳои бебаҳо бетараф набошанд ва барои ҳифзи онҳо ҳамеша тадбирҳо андешанд.
Дар суханронии хеш раиси шаҳри Истаравшан махсусан заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди аз байн бурдани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, овардани гурезагон, барқарор кардани сулҳу субот ва минбаъд ба роҳ мондани рушди бомайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мисолҳои возеҳу равшан нақл намуд.
Дар идома муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода баромад намуда, ҷавононро бо такя ба гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат барои азхуд кардани илму дониш, ҳамчун мутахассиси сатҳи баланд ба воя расидан, саҳмгузор гардидан барои боз ҳам пешрафт гардидани соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ даъват намуд.
Дар раванди баргузории мулоқот магистрону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии маркази вилоят баромад намуда, нахуст барои муҳайё кардани шароити хуби таҳсил миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат изҳор доштанд ва таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур ва масъалаҳои ҳалталабро ба миён гузоштанд.
Дар ҷамъбаст ба 200 нафар донишҷӯёне, ки ятими кул, нимятим, аз оилаи камбизоат ва аълохон ҳастанд, кӯмакпулии яквақта супорида шуда, инчунин ба 10 нафар иштирокчиёни фаъоли мулоқот китоби “Озар аз Уструшана ё шамшери Спартак” тақдим карда шуд.