Дар доираи чорабиниҳои марбут ба Рӯзи матбуоти тоҷик масъулин аз ҳоли як қатор собиқадорони соҳа хабар гирифтанд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода зимни дидорбинӣ бо собиқ корманди рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" Мазбут Воҳидов, собиқ корманди рӯзномаи вилоятии "Согдийская правда", Геннадий Набиев, собиқ корманди рӯзномаи вилоятии "Суғд ҳақиқати" Солеҳа Олимова, собиқ корманди Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд Муҳаббат Мирсаидова онҳоро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи матбуот табрик намуд.
Таъкид гардид, ки саҳм ва нақши кормандони воситаҳои ахбори омма дар пешрафти ҷомеа назаррас буда, хизматҳои собиқадорони меҳнат ҳамеша қадр карда мешавад.
Ба собиқадорони соҳаи матбуот кумакпулии яквақтаинаи роҳбари вилоят расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 67 нафар кормандони собиқадори воситаҳои ахбори оммаи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.