Қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода «Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба имзо расид ва тибқи он барои қадршиносии ғолибону дар сатҳи баланд доир намудани озмун 896 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Дар асоси қарор раёсатҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи вилоят, шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иттилооту таҳлили дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, идораи телевизион ва радиои вилоят, Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмун вазифадор карда шудаанд.
Бояд таъкид кард, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавӣ, бо ташаббуси бевосита, ҳамчунин таҳти таваҷҷуҳ ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Озмун аз рӯйи чор номинатсия баргузор мешавад:
— адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
— адабиёти классикии тоҷик;
— адабиёти муосири тоҷик;
— адабиёти ҷаҳон.
Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо),омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун метавонанд иштирок намоянд.
Даври вилоятии озмун дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ моҳи август баргузор мегардад.