Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронда мешавад

Раёсати вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 4 феврали соли 2025, №35 «Дар бораи таҷлили Рӯзи матбуот» барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон менамояд. 

Хотиррасон менамоем, ки имсол ҳам озмуни вилоятӣ барои дарёфти Ҷоизаи журналистони беҳтарин дар ду номинатсия – матбуоту WEB-журналистика ва телевизиону радио дар алоҳидагӣ баргузор карда мешавад. 

Ба озмун кормандони васоити ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ, телевизион ва радио, новобаста аз шакли моликияташ, нафароне, ки узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, камаш даҳ сол ба аъзогӣ шомил ҳастанд ва дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият доранд ё аз нашрияҳои марказӣ ва хориҷӣ дар вилоят намояндагӣ мекунанд, метавонанд ширкат варзанд. 

Ба озмун маводи муаллиф (муаллифон), ки дар жанрҳои очерк, публитсистика, мақолаҳои таҳлилӣ ва жанрҳои бадеӣ ва ё силсилаи ҳикояву ҳаҷвияҳо, ҳазлу мутоиба, ки дар матбуоти даврии қаламрави вилоят дар соли 2024-ум чоп шудаанд, ҳамчунин барномаҳои таҳлилӣ ё мусоҳибаю суҳбатҳои ихтисосиро, ки бо фарогирии масоили доғи чомеа омода, дар телевизион ва радиои вилоят (телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ ҳам қабул аст) пахш ва намоиш дода шудаанд, манзур кардан мумкин аст.  

Барои иштирок дар озмуни вилоятии журналистон даъвогар (даъвогарон) бояд ба созмони аввалияи журналистӣ бо ариза муроҷиат намояд. Дар назар аст, ки даъвогар (даъвогарон) барои солҳои 2020-2024 ҳаққи узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро супурда бошад. Котибони созмонҳои ибтидоӣ баъди баррасии масъала дар маҷлиси созмони аввалияи рўзноманигорон қарори дахлдор қабул карда, бо мактуби расмӣ ба Раёсати созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон муроҷиат мекунанд. 

Дар ин замина, ҳамчунин камаш 10 маводи беҳтарин - очерк ва публисистика ва ё жанрҳои бадеӣ ва ё силсилаи ҳикояву ҳаҷвияҳо, ҳазлу мутоиба (нусхаи аслии дар нашрия чопшуда), барномаҳои таҳлилӣ ё мусоҳибаю суҳбатҳои таҳлилӣ (дар диск ва рӯйхати шарҳи мухтасари муҳтавои барнома ва ё мусоҳиба дар шакли чоп), ҳамчунин, ариза ва шарҳи ҳоли мухтасари даъвогар, хислатнома, ки аз ҷониби роҳбари нашрия тасдиқ шудааст, бояд то санаи 3-юми марти соли 2024, соати 17.00 ба Раёсати созмони вилоятии журналистон, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, утоқи 307, ба котиби масъули созмони вилоятии журналистон, бо ишораи "Ба озмуни вилоятии журналистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ" пешниҳод карда шаванд. Аризае, ки баъди ин муҳлат ворид мегардад, қабул ва баррасӣ карда намешавад.

Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ (дар ду номинатсия) дар рўзи таҷлили ҷашни матбуоти тоҷик ба ғолибони озмун супурда мешавад.

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо телефонҳои 

(92) 909-98-98, (92) 777-63-29, (92) 980-00-19, (92) 778-16-85, 4-68-05 

тамос гирифтан мумкин аст.

 

Раёсати созмони вилоятии

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон