8 марти соли 2025 дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
Тибқи ин қарор нақшаи чорабиниҳои Рӯзи Модар тасдиқ шуда, гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо, конфронсу суҳбатҳо, ташкили конфронси вилоятии «Модар! Ту биҳишти ҷовидонӣ...», аксияҳои «Зан ва саломатӣ», «Тоҷикона мепӯшем», мусобиқаҳои варзишӣ, маҷлисҳои тантанавӣ дар назар дошта шудааст.
Бояд таъкид кард, ки дар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукўҳи хоса ҷашн гирифтани Рўзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад. Зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, омўзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.