Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» ва солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ» дар вилояти Суғд озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» гузаронда мешавад.
Озмуни мазкур дар самтҳои барномасозӣ ва низоми иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, куҳкорӣ, техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ доир мегардад.
Дар озмун наврасон ва ҷавонони то 30 сола метавонанд иштирок карда, ихтирооти нави худро пешниҳод созанд.
Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонда мешаванд.
Озмун бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкорию навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят доир шуда, ба пешравии илму техника ва ҳавасманд намудани ташаббускорию фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар байни ҷавонон мусоидат менамояд.