Соли равон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол-2025» гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори марбутаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба тасвиб расид.
Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ, ҳамчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас доир шуда, дар он донишҷӯёни курсҳои 2,3 ва 4-и муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3 -и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, метавонанд иштирок намоянд.
Даври аввали озмун дар факултетҳо, даври дуюм миёни ғолибони давраи аввал ва даври ниҳоӣ миёни ғолибони даври дуюм тибқи шартҳои озмун ҷараён мегирад.
Донишҷӯёне, ки дар озмун ғолибият ба даст меоранд, бо мукофотпулӣ ва Дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонда мешаванд.