15 январи соли 2025 маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, аъзои кумиҷроия, фаъолону собиқадорон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.
Дар баробари масъалаҳои муҳими корӣ номзадии Салимзода Ҷаҳонгир Салим ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд пешниҳод ва бо ҷонибдории аъзои кумиҷроия номбурда раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб гардид.
Дар ҷаласа ҳамзамон нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024, нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд барои соли 2025 тасдиқ карда шуд.
Тазаккур дода шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш бо иқдомҳои шоиста ва барномаҳои созандааш дар байни мардум беш аз пеш обрӯ ва нуфуз пайдо карда истодааст ва ҳадафи аслии ҳизб ҳам амалӣ сохтани ормонҳои мардуми мо мебошад.