Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи "16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат " доир мегардад, ки ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти умдаи иҷтимоӣ, бахусус зӯроварӣ дар оила ва бартараф намудани мушкилоти иҷтимоии оила мебошад.
Дар ин радиф Раёсатикор бо занон ва оилаи вилоят якҷо бо ташкилотҳои ҷамъиятии "АЗИТ", "Сарчашма", "Шамс" ва раисони шурои занони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд дар "Регистони Панҷшанбе" аксия таҳти унвони "Ҳаёт бе хушунат зебост" баргузор намуд.
Бояд қайд намуд, ки давоми 16 рӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ гузаронидани силсилачорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.