Масъалаҳои мубрами таърих ва фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ дар осори илмии академик Аҳрор Мухторов

Таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами таърих ва фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ дар осори илмии академик Аҳрор Мухторов” дар Кохи фарҳанги "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид. 

Конференсияи мазкур бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 2023, Амри Раиси вилояти Суғд аз 8-уми январи соли 2024, таҳти №13 бахшида ба 100-солагии академик Аҳрор Мухторов роҳандозӣ гардид. 

Дар конференсия таъкид гардид, ки мавсуф аз зумраи олимонест, ки дар рушди таърихнигории миллӣ ба мақоми хоса соҳиб гаштааст. Доираи таҳқиқоти ў тамоми равияҳои гуногуни таърих ва илмҳои ёрирасони он, аз ҷумла таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, катибашиносӣ, сиккашиносӣ, хаттотӣ ва ғайраро фаро гирифта, дар ҳамаи ин самтҳо дар қатори пешсафтарин мутахассисони соҳа карор доштааст. Мероси ниҳоят ғании олим ба бештар аз 600 номгўй мерасад, ки аз ин теъдод қариб 80-тои онро рисолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълим ва ғайра ташкил медиҳанд.

“Таълифоти олим, аз қабили “Очерки таърихи мулки Ўротеппа дар асри XIX”, “Таърихи Ўротеппа (охири асри 15 - ибтидои асри 20)”, “Ёдгориҳои катибавии Кўҳистон (асрҳои 11-14)”, “Балхи замони охири асримиёнагӣ”, “Дилшод ва мақоми ў дар таърихи афкори ҷамъиятии халки тоҷик дар охири асри 19 - ибтидои асри 20”, “Ҳисор. Очерки таърихӣ” дар ду китоб, “Ҳокимони Ўротеппа (асрҳои 15-19”, “Мақоми ҷаҳонии истаравшаниҳо”, “Бобоҷон Ғафуров”, “Аз пайи таърихи куҳан”, “Дурдонаҳои маданияти тоҷик дар ганҷинаҳои Ҳиндустон”, “Санг ҳам диле дорад” ва ғайра, ки аз тарафи мутахассисони ҷумҳурӣ ва берун аз он баҳои баланд гирифта, дар таърихнигории миллӣ ҷойгоҳи баланде доранд. Ў чун яке аз муаллифон дар таълифи ҷилди чоруми “Таърихи халқи тоҷик” ширкати бевосита намудааст” – афзуд ректори донишгоҳ.

Таъкид рафт, ки таҳқиқу омўзиши таъриху фарҳанги шаҳрҳои қадимаи Мовароуннаҳр ва Хуросон, аз ҷумла Балҳ, Ҳирот, Истаравшан, ҳамчун марказҳои муҳими маъмурӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илму фарҳанг ва санъат таваҷҷуҳи академик Аҳрор Мухторовро ба худ ҷалб карда, дар ин равия низ номбурда аз муҳаққиқони маъруф ба ҳисоб меравад. Ӯ ба кишварҳои хориҷӣ беш аз 30 маротиба, аз ҷумла Фаронса 2 маротиба, Афғонистон 5 маротиба, Ҳиндустон 7 маротиба, Эрон 8 маротиба, Австрия, ИМА, Исроил сафарҳои илмӣ анҷом дода, натиҷаҳои онро дар рисолаву ёддоштҳо рӯи қалам овардааст.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, профессор Султонзода Тоҷибой Султонӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокчиён расонида, ҳамзамон дар маърӯзаи хеш аз аҳаммият ва арзиши осори академик хотиррасон шуд. 

Гуфта шуд, ки академик Аҳрор Мухторов дар танқиди адабӣ ё адабиётшиносӣ ба эътирофи беҳтарин мутахассисони соҳа сазовор гаштааст. Чандин мақолаҳои ӯ ба осори Рӯдакӣ, Зебуниссо, Мавлоно Нуриддини Зиёратгоҳӣ, Мавлоно Аҳмади Хуҷандӣ, Дилшоди Барно, Туғрал, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода бахшида шудаанд, ки дар воқеъ сухани тозае дар танқиди адабӣ маҳсуб мешаванд. 

Дар идома Шавкат Шарипов, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик таҳти унвони “Уқдакушои таърихи миллат”, Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, ходими намоёни ҳизбию давлатӣ Қурбон Тӯраев, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфулло Муллоҷонов маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа доштанд. 

Конференсия дар се бахш ба кори худ идома намуда, дар маҷмуъ наздик 70 маърӯза аз ҷониби олимон, муҳаққиқон ва устодон ироа шуданд.