22 ноябр дар меҳмонхонаи "Суғдиён" дар мавзуи "Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар вилояти Суғд: таҳлили вазъ ва дурнамо" конференсияи минтақавӣ баргузор гардид.
Конференсия бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки мақомоти давлатӣ ва идораҳои дахлдор доир гардид.
Дар кори конференсия сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ Аҳтам Абдуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, роҳбарият ва дигар кормандони масъули мақомоти давлатӣ ва идораҳои дахлдор иштирок намуданд ва муҳимтарин масъалаҳои соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкилию инфрасохторӣ, кадрӣ ва техникии соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ таҳким ва баҳри пешбурди фаъолият шароитҳои созгор фароҳам оварда шуд.
Рушди босуръати илму техника, рақамикунонии соҳаҳои мухталифи ҷомеа, истифодаи васеи технологияи муосир дар фаъолияти аксар соҳаҳои муҳими давлатӣ таваҷҷуҳи бештарро талаб намуда, доир ба мавзуъҳои асосӣ аз ҷониби иштирокчиёни конференсия ибрози назар карда шуд.
Тадбирҳо дар самти рушди ҳукумати электронӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва маҷмуи чорабиниҳои дигар тақозо менамоянд, ки мушкилоти ҳифзи техникии иттилооти дастрасиаш маҳдуд ба таври пайваста баррасӣ ва роҳҳои ҳалли он пайдо гардад.
Дар идомаи конфренсия таҷрибаи миллӣ ва байналмилалии ҳифзи техникии иттилоот мавриди муҳокима қарор гирифта, баҳри рушду такмили он пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки айни замон Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 амалӣ гардида истодааст.
Дар конференсия табодули самараноки назариявӣ - амалӣ ва ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардид.
Конференсияи мазкур дар фазои самараноки корӣ анҷом ёфта, дар интиҳо баҳри такмили самтҳои алоҳидаи корӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.