Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди миллӣ

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди миллӣ” баргузор гардид. 

Дар ҳузури иштирокчиёни конференсия профессори кафедраи таърихи ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Набизода Ваҳҳоб Машраб дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ - сароғози сулҳу ваҳдати тоҷикон” маърузаи пурмуҳтаво намуд. 

Сипас,профессори кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ Расулҷон Солиҷонов дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва бунёди давлати миллии Тоҷикистон” маъруза намуда, доир ба нақши иҷлосия дар таҳкими давлатдории миллӣ ибрози андеша кард. 

Ҳамчунин дар конференсия гузоришҳои устодони донишкада дар мавзуҳои “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ – рӯйдоди муҳими таърихӣ” ва “Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҳалли масоили амниятӣ” шунида шуд.