Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии «Ёвар» дар шаҳри Хуҷанд

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдои “Ёвар” ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳи иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуданд.

Маркази савдои “Ёвар” дар ошёнаи якум ва таҳхонаи бинои баландошёна воқеъ буда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандарти меъмории муосир сохта шудааст.

Дар Маркази савдою хизматрасонии “Ёвар” дар маҷмуъ 40 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд ва оянда бо васеъ кардани доираи фаъолият шумораи кормандон ба 60 нафар расонида мешавад.

Ҳамарӯза ба таври шабонарўзӣ мизоҷон метавонанд маҳсулоти босифатро дастрас намоянд, ки зиёда аз 60 фоизи он истеҳсоли ватанӣ мебошад.