11 ноябри соли 2024 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки раисон ва котибони комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинари омӯзишӣ муовини Раиси вилояти Суғд, Раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ва сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Нигора Муқимӣ суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб мееёбад. Бо назардошти ин, масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул ва мавриди амал қарор дода шуда истодааст.
Фаъолияти Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар асоси Нақшаи чорабиниҳои идоравии амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба роҳ монда шуда, ҷиҳати муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуби замон тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.
Тазаккур дода шуд, ки семинари омӯзишӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои талаботи сархати 5-уми банди 1 супориши протоколии мазкур вобаста ба роҳандозӣ намудани фаъолияти дуруст, самаранок ва якхелаи комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин таҳия ва тасдиқи нақшаи кории намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия ташкил гардид.
Дар охир барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таклифу пешниҳодҳо ироа гардид.
Ба масъулин барои назорати ҷамъиятии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, иҷрои нақшаҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, фаҳмонидани моҳияти санадҳои барномавии муқовимат ба коррупсия дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ, доир намудани мулоқоту вохӯриҳо, семинару конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотии моҳияти зиддикоррупсионидошта, тақвият бахшидан ба фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ супоришҳо дода шуд.