Дар доираи тантанаҳои идона ба ифтихори 30-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиси ҳарбии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон сурат гирифт.
Нахуст муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода фарорасии ин рӯзу хубу хотирмонро, ки дар доираи тантанаҳои идона ба ифтихори 30-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам омад, таҳният гуфта, ба наваскарон хизмати содиқонаро ба нафъи давлату миллат орзу намуд. Мавсуф аз дастгириву пушибониҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба наваскарон хизмати муваффақона орзу намуд.
Командири қиси ҳарбии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бӯстон полковник Абдусалом Одиназода ба волидайни сарбозон барои тарбияи чунин фарзандони диловар изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, ба сарбозон хизмати намунавӣ орзу намуд.
Ҳамин тариқ волидон ва наваскарон изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоиди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, барои хизмат ба халқу Ватан савганд ёд намуданд.