Таҳти ин унвон бо ибтикори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Соли маърифати ҳуқуқӣ" бо иштироки роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони шаҳр семинари илмӣ – амалӣ баргузор шуд.
Дар суханрониҳои раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон Нодирхон Акмалзода, прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Искандар Раҳматзода, раиси суди шаҳр Диловар Мирзоҳомидзода, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Шуҳрат Анварзода, сардори шуъбаи шаҳрии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Акобиров, муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ мавзӯъҳои Конститутсия- ҳомии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ва дастоварди миллии даврони истиқлол, моҳияти ин санади олии ҳуқуқӣ, ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он, рафти иҷрои қонун дар бораи танзими ҷашну маросим матраҳ карда шуд.
Дар маърӯзаҳо аз ҷумла, зикр шуд, ки қабули Конститутсия бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуку озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид. Аз ин ҷост, ки Коститутсияи Тоҷикистон ба қатори беҳтарин чунин санадҳои ҳуқуқӣ дар ҷаҳон шомил гардидааст.
Маҳз дар ин санади олии ҳуқуқӣ эъмори Тоҷикистон ҳамчун давлати сохибистихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлатдории миллӣ таҳким ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар роҳи татбиқи амалии он қадамҳои устувор гузошта шуд.
Зимнан, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр ва корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ маҷмӯи чорабиниҳои тарғиботиро доир намуда истодааст.