Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и деҳаи Порвени Ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент, ки ба асари сел ғайри қобили истифода шуда буд, идома дорад.
Бинои нав бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби пудраткор- ширкати сохтмонии “СУ – 3” сохта мешавад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, то имрӯз бино пурра бомпӯш шуда, ҳоло корҳои ороишӣ дар дохили бино ва панҷарабандии саҳн ва атрофи муассиса идома дорад.
Бинои нав дорои 12 синфхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 320 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.