Истаравшан. Омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор дорад

Дар шаҳри Истаравшан бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони 990 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин давра 553 адади он ба истифода дода шудааст. Дар ин бора зимни боздиди кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Истаравшан, ки 17 октябр сурат гирифт, маълумот дода шуд.

Раиси вилояти Суғд аснои сафари корӣ бо ҷараёни бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои соҳаи маориф, марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ шинос гардида, барои дар сатҳи баланд омода намудани иншооти ҷашнӣ ба раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва масъулони соҳаҳо супоришҳои мушаххас дод.

Бино ба иттилои раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баҳри рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифта тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар натиҷаи тадбирандешиҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 млрд. 153 млн. 238 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 331 млн. сомонӣ зиёд ё ин, ки 140 фисадро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Истаравшан тибқи маълумоти оморӣ ҳоло 96 корхонаҳои калону хурди истеҳсолӣ фаъолият мебаранд ва барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби баистифодадиҳии иқтидорҳои нави истеҳолӣ мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ низ тадбирандешӣ карда, ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида истодааст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ гўшт 3986,2 тонна, шир 15042,6 тонна, тухм 28 млн. 590,1 ҳазор дона истеҳсол гардидааст, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гўшт 344,6 тонна, шир 2221,1 тонна, тухм 7 млн. 437,7 ҳазор дона зиёд аст.

Дар натиҷаи меҳнати аҳлонаи сокинони шаҳр рушди соҳаҳо таъмин шуда, нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бо назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 116,9 фоиз таъмин гардид. Ба буҷет 311 млн. 77,3 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67 млн. 334,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 118 фоиз, яъне ба маблағи 283 млн 788,5 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуда, нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 118,4 фоиз, яъне ба маблағи 247 млн 997,6 ҳазор сомонӣ ва иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 119,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 169 млн 910,9 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 27 млн 205,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 млн 11,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Тавре маълум аст, Истаравшани бостонӣ шаҳри ҳунармандон буда, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳон ба он ташриф меоранд. Бо назардошти ин ва бо мақсади татбиқи барномаҳои соҳавии ҳунармандӣ дар шаҳр корбарӣ идома дорад. 

Самти ҳунармандӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муарифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина бо мақсади тақвияти соҳа қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар барномаи давлатии рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарори дахлдори Раиси вилоят ва раиси шаҳр ба имзо расонида шудааст, ки фарогири 35 банд иборат мебошад.

Дар шаҳри Истаравшан айни ҳол зиёда аз 160 навъи ҳунар мавҷуд буда, ҳунармандон фаъолияти назаррас доранд. Маҳз ҳунармандӣ ба таърихи меъмории шаҳр ҳусни нотакрор бахшидааст. Аз тарафи ҳунармандони шаҳри Истаравшан зиёда аз 49 нафар барои ҷудо намудани дӯкон (раста) аз ҳудуди бинои Муассисаи давлатии маҷмааи таърихии ёдгории “Қалъаи Муғ” дархост намуданд ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон таъсис дода шуд.

Соҳибҳунарон, инчунин авлоди онҳо дар маҳалҳои алоҳида зиндагӣ ва кору фаъолият доранд. Номҳои гузарҳои Заргарон, Олкорон, Кулолон, Чармгарӣ, Кемухтагарӣ, Дегрезӣ, Хосабофон, Читгарон, Мехчагарон, Сорбон, Осиётарошон, Қассобӣ, Бузкашон, Шонатарошон, ва деҳаву маҳалҳои Қӯрагарон (Равғангарон), Обҷувози Қоғаз, Чорбоғ Дорутар ва ғайра аз руи ҳунарҳои сокинонаш махсус номгузорӣ шудааст, ки моро бо гузаштаи дури таъриху фарҳанги волои шаҳри бостонӣ мепайвандад. Маҳсули дастии ҳунармандони шаҳри Истаравшан аз қадимулайём харидорони зиёде дошт.

Ба таъкиди раиси шаҳр яке аз рухдодҳои муҳими соли равон гузаронидани Фестивали якуми байналмилалии ҳунармандӣ «Озар» дар шаҳри Истаравшан буд, ки дар он 20 узви Раёсати Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ ва ҳунармандон аз кишварҳои гуногуни олам иштирок доштанд. Дар доираи фестивал шаҳри Истаравшан аз ҷониби Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ ҳамчун шаҳри ҳунармандӣ эътироф гардида ба аъзогии ин Шӯро пазируфта шуд, ки ин боиси ифтихор аст.

Боиси таъкид аст, ки сокинони шаҳри Истаравшан бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаву бунёдкорона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду тараққиёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат мекунанд.