Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич аз ҷониби соҳибкорон марказҳои савдову хизматрасонӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, мағозаҳои хурду калон сохта мешавад.
Иншооти бунёдгардида дорои тарҳу намои зебо буда, ҳар кадоме аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Соҳибкорони бонангу номуси Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, кӯшиш доранд, ки дар ободии маҳал саҳмгузор бошанд.
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 64 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, сохтмони иншооти ҷашнӣ бомаром идома дорад.