Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар зодгоҳи падари шеъри порсӣ

Рӯзи Рӯдакиро дар зодгоҳи шоир- деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент бо шукуҳи хоса таҷлил намуданд. 

Роҳбарияти шаҳр, муҳаққиқони осори устод аз Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳо, аҳли адабу фарҳанги шаҳр нахуст ба пояи муҷассамаи шоир дар боғи канори рӯди Уреч ба нишони эҳтиром гул гузоштанд.

Дар оромгоҳи устод баъди фотиҳа ба рӯҳи пурфутӯҳи шоир маҳфили шеър баргузор шуд. Ҳозирин ин ҷо аз осори шоири порчаҳо қироат намуданд.

Маҳфили адабию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар саҳни осорхонаи Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷруд ҷараён гирифт. 

Таъкид гардид, ки устод Рӯдакӣ адабиёти моро чунон бунёд ниҳод, ки то ба рағми ҳама гирдоби воқеаҳои пурпечутоби таърих пойдор бимонад ва бо ҳиммату истеъдоди ворисони сазовор боз ҳам муҳташаму тавоно гардад.

Дар Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи мубораки устод Абуабдулоҳ Рӯдакӣ ба ноҳия, ҷамоат, деҳаҳо, хиёбону кӯчаҳо, майдону боғҳо, муассисаҳои фарҳангӣ гузошта, осораш борҳо ба нашр расида, оромгоҳи шоир таҷдиду азнавсозӣ гардида, ҳоло он ба макони зиёрати ҳаводорони шеъри оламгири устод аз ҳама гӯшаҳои олам табдил ёфтааст.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин муҳаққиқону адибон аз ҷойгоҳи устод Рӯдакӣ дар адабиёт тоҷику форс, ҳунари шоирии ӯ, таъсири осораш ба баъдинагон сухан карданд.

Барномаи ҳунарии санъаткорони шаҳр, ки аз сурудҳо ба ашъори устод Рӯдакӣ, қироати шеърҳои шоир, рақсҳои ҷаззоб мураттаб шуда буд, бар иштирокчиёни ҷашнвора таассуроти ҷолиб боқӣ гузошт.