Дар доираи сафари ҳайати вилояти Рязани Федератсияи Россия ба вилояти Суғд 16-уми сентябр дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти доираи соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Рязан баргузор гардид.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷӯҳ ба таҳкими ҳамкорҳои дуҷониба бо вилояти Суғд дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, изҳори сипос намуд ва оид ба имкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилоят ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар вохӯрӣ имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории вилояти Суғд аз ҷониби Шарифҷон Ахмедов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд муаррифӣ гардид.
Инчунин аз ҷониби муовини губернатори вилояти Рязан Юлия Швакова муарифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва ширкатҳои фаъолияткунандаи вилояти Рязан сурат гирифта, оиди рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Рязан маълумоти муфассал манзур намуд.
Дар мулоқот омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Аҳмадзода Ҷумабой Раҷаб ва Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Рязан Людмила Козлова иштирок намуда, ҳайатҳои тиҷоратии ҳарду ҷонибро муаррифӣ намуданд.
Дар қисмати дуюми мулоқот вохӯриҳо дар формати В2В доир гардид, ки доираҳои тиҷоратии ду минтақа имкониятҳои тиҷорати мутақобила, ташкили содироти маҳсулоти дорои талабот ба бозорҳои Тоҷикистон ва вилояти Рязан, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифро баррасӣ намуданд.